Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, 21 май дар тамоми қаламрави Тоҷикистон Дави миллӣ доир карда мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқаи мазкур 21 май, соати 07:30 тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе доир мешавад.
Ҳамзамон бо назардошти оммавият, рушди намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба он 21 май пеш аз оғози баргузории Дави миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ марафони велосипедронӣ дар назар дошта шудааст.
Мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад. Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад. Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.