Шоми дирӯз дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушодашавии фестивал – озмуни театрҳои касбӣ “Парасту” баргузор гардид. Дар маросим роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҳунару санъати мамлакат иштирок намуданд.
Саҳни театри опера ва балети ба номи Садриддин Айниро фазои идона фаро гирифта буд ва нафарони зиёде дар маросими кушодашавии фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту” иштирок намуданд.
Дар оғози маросим Обидҷон Наззариён муовини аввали вазири фарҳанги кишвар баромад карда, қайд намуд, ки имсол Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида мешавад. Ба таъкиди Обидҷон Наззариён муовини аввали вазири фарҳанг давоми солҳои 2021 – 2022 дар маҷмуъ 96 намоишномаҳои нав рӯи кор омадаанд, ки ин аз рушду тараққиёти ин соҳа дарак медиҳад.
Баъдан маросими афрохтани парчами Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» сурат гирифта, аъзои ҳакамон ба инштирокчиён муаррифӣ карда шуданд. Фестивал бо намоиши «Зол ва Рудоба» аз рӯи асари А. Фирдавсӣ дар таҳияи режиссёр Баҳром Қурбонови Театри давлатии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар оғоз гардид.
Маврид ба зикр аст, ки фестивал – озмуни театрҳои касбӣ “Парасту” дар ду сол як маротиба баргузор гардида, давоми як ҳафта идома менамояд. Тавре Некқаддам Шоназаров ҳунарманди шинохтаи кишвар мегӯяд, баргузории фестивали “Парасту” барои дарёфт ва рӯи саҳна омадани актиёрони ҷавон ва ҳунару истеъдоди онҳо мусоидат карда метавонад.
Имсол мувофиқи барномаи фестивал – озмун аз тамоми театрҳои касбии ҷумҳурӣ зиёда аз 18 намоишномаи беҳтарине, ки дар тӯли солҳои 2021 ва 2022 таҳия гардидаанд пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд. Натиҷагирии фестивал-озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон мунаққидон ва коршиносони соҳаи театрии мамлакат гузаронида мешавад. Шоди Солеҳов ҳунарманд ва коргардони шинохтаи мамлакат зимни суҳбат ба мо гуфт, ки баргузор гардидани фестивали “Парасту” пас аз ду сол тамоми ҳунармандони кишварро аз тамоми митақаҳо ба ҳам меорад ва бо ин васила ҳунармадон бо кору ҳунари ҳамкорони худ бештар ошно мегарданд ва маҳз ҳамин фестивал боис мегардад, ки беҳтаринҳо дар ин соҳа муайян карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон“