Шабонарӯзи гузашта аз марги се ноболиғ дар обҳои кишвар хабар расидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифиа гражданӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 23-апрели соли равон ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъ се ноболиғ, бачаҳои 12, 13, 14-солаи сокини ноҳияҳои Варзоб, Ёвони вилояти Хатлон ва шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар об ғарқ шуда ба ҳалокат расиданд.
Ҷасади писарбачаи 14-сола, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо талоши кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба волидонаш супурда шудаас.
Манбаъ нигоштааст, ки имдодгарони Кумита барои пайдо кардани ҷасади духтарчаи 12-сола, сокини ноҳияи Ёвон ва писарбачаи 13-сола сокини ноҳияи Варзоб аз субҳи имрӯз ба корҳои ҷустуҷӯӣ идома доданд.
Ғайр аз ин бовуҷуди ҳушдорҳои Кумита дар мавриди эҳтиёт ва риояи қоидаҳои бехатарӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳамоно баъзе сокинон ба маслиҳату машваратҳои гӯш намедиҳанд, ҳушдорҳоро нодида мегиранд, ки ин боиси рух додани фоҷеа мешавад.
Аз ҷумла, як сокини деҳаи Асбоби ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода ҳамроҳи се нафар аз дӯстонаш дар минтақаи кӯҳии Чинордара истироҳат мекард ва баландӣ сарозер шуд. Дар бархӯрди шадид шадидан захмӣ гашт ва ҳангоми интиқолаш ба беморхона дар роҳ ҷон супурд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми будубош дар минтақаҳои кӯҳӣ, соҳили рӯдхонаҳо ба қоидаҳои бехтарӣ диққат диҳанд. Ҳамзамон бачаҳоро беназорат нагузоранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ гуфтааст, ки натиҷаи бепарвоиву беназоратии волидон ҳамин гуна ҳодисаҳои нохӯшанд, ки аксар вақт ба фоҷеа ба поён мерасад.
Бо фаро расидани гармо хоҳишмандони рафтан ба соҳили дарёву каналу обанборҳо меафзояд. Волидонро лозим меояд фарзандонашонро оббозӣ ва шиноварӣ омӯзанд. Вале набояд ноболиғонро танҳо гузоранд, ҳарчан шиноварӣ метавонанд!