Бозиҳои даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни духтарони то 17-сола дар Ҳисор баргузор мешавад

Аз 26-ум то 30-юми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни духтаронаи то 17-сола дар гурӯҳи «Е» доир мешаванд.

Тимҳои Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳонконг барои дарёфти як роҳхат ба даври дуюми интихобӣ мубориза мебаранд. Бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ баргузор мешаванд. Баргузоршавии рақобатҳо соати 18:00 ба нақша гирифта шудааст.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола

Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг, Тоҷикистон

Даври 1-ум
Рӯзи 26-апрел (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ

Даври 2-юм
Рӯзи 28-апрел (ҷумъа)
Оғоз бозӣ – соати 18:00
Ҳонконг – Тоҷикистон

Даври 3-юм
Рӯзи 30-апрел (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
Кореяи Ҷанубӣ – Ҳонконг