Санаи 18 апрели соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва ҳамраисии хонум Сара Риналди – сардори шуъбаи Шарқи Наздик/Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ, Директорати генералӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Комиссияи Аврупо ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунанда оид ба таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷетии бахши шуғл баргузор гардидааст.
Тавре аз Вазорати молия хабар доданд, дар кори Кумитаи роҳбарикунанда, инчунин Давлатзода Қ. – муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбониён С. – муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Банерес Р.Д. – референт оид ба Тоҷикистон, шуъбаи С.1, Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ, Кароблис Р. – Сафир, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бухманн М. – роҳбари шуъба оид ба ҳамкории Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Димова Д. – менеҷери барномавии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Азимӣ З. – сардори сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинии мазкур масъалаҳо вобаста ба амалишавии барномаи нави дастгирии буҷети давлатӣ, ки солҳои 2023 – 2025-ро фаро мегирад, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки Барномаи болозикр фарогири масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани низоми таҳсилоти касбии техникӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, инчунин рақамикунонӣ дар ин соҳаҳо, масъалаҳои марбут ба идоракунии молияи давлатӣ ва таъмини шаффофият дар соҳаи мазкур мебошад
Ҷонибҳо қайд намуданд, ки ҳамкорӣ дар ин самтҳо ба рушди ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони нав бахшида, татбиқи чунин барномаҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар инъикос ёфтаанд, равона карда мешавад.
Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати баргузории вохӯриҳои навбатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.