Тарҳ ва услуби бунёди меҳмонхонаҳои муосир, сифатнокии корҳои сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти хушсифат дар бунёди онҳо, инчунин дигар масоили марбут ба сохтмону баҳрабардории инфрасохтори сайёҳӣ аз масъалаҳое буданд, ки 14 апрел зимни вохўрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳайати Маъмурияти минтақавии Қошғари ноҳияи Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони ширкатҳои соҳавии он таҳти роҳбарии Директори ширкати «Xinjiang Luqiao Nanjiang Engincering Construction Co, Ltd» Лю Тсинтсюан баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, бахусус меҳмонхонаҳо дар шаҳри Душанбе муҳокима карда шуд. Ҷонибҳо атрофи паҳлуҳои алоҳидаи мавзуъ мубодилаи афкор намуда, ба масъалаҳои тарҳ ва услуби бунёди меҳмонхонаҳои муосир бо такя ба таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 14 апрел идома ёфта, зимни он намояндагони ноҳияи Синҷон-Уйғур бо роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат оид ба роҳандозии муносибатҳои ҳамкорӣ дар якчанд соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб муфид мулоқоту нишастҳо доир намуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе