Эълон: Бонки миллӣ корманд меҷӯяд

Бонки миллии Тоҷикистон барои баргузидани ашхоси сазовор ба вазифаҳои холӣ озмун эълон намудааст. Дар тафсилот аз вазифаҳо ва шартҳои пазириш ба онҳо оварда мешавад.

Идораи низоми пардохт

I

Сардори шуъбаи назорати низоми пардохти идораи низоми пардохт (1 ҷой) 

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ/молиявӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани собиқаи бонкӣ на кам аз 5 сол (на камтар аз 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунанда) дар соҳаи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.

II

Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи назорати низоми пардохти  идораи низоми пардохт (2 ҷой) 

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • дониши кофӣ оид ба фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низомҳои кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, қабули пардохтҳо), қоидаҳо ва хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • малакаи кофии кор бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.   

III

Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамии идораи низоми пардохт (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ/молиявӣ/техникӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • донишу малакаи кофӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, равандҳои технологии пардохтӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ, тиҷорати электронӣ, эмиссия, эквайринг);
  • донистани хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ (Visa, Mastercard, Unionpay, Western Union ва диг.), қоидаҳо ва талаботҳои низомҳои пардохтӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • малакаи зарурии кор бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  •  ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  •  маълумотнома (справка-объективка);
  •  варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  •  тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  •  расм 2 дона андозаи 3х4;
  •  нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  •  нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  •  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  •  маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  •  маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  •  нусхаи билети ҳарбӣ;
  •  нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
  • Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38,
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 10 январи с.2023