Акс аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО — ВИЧ/СПИД) таҳти унвони «Баробарӣ дар ҷомеа» ҳамоиш ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба радиои “Тоҷикистон” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ дар ин ҳамоиш доир ба роҳҳои мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам, кам намудани сатҳи гирифторони он ва муносибати дурусту инсондӯстона бо мубталоёни Вируси норасоии масунияти одам мубодилаи афкор сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ, ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз Вируси норасоии масунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50 фоизро ҷавонони аз 14 то 20-сола ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 млн нафар одамон ба он сироят шуда, 20 млн нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.
Ба ин хотир аз соли 1996 1 декабрро ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД) таҷлил менамояд. Ҳадаф аз таҷлили ин сана- иттилоотонии ҷомеа оид ба ин беморӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз он мебошад.
Дар ҳамоиши мазкур зикр гардид, ки аз оғози эпидемия, яъне аз соли 1991 то 30 ноябри соли 2022 дар ҷумҳурӣ 14 977 ҳодисаи сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар 11 моҳи соли 2022 ҳамагӣ 1226 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 1004 нафар бори аввал (957 нафар аз шумораи бемороне, ки соли 2022 дарёфт шуданд ва 47 нафар аз солҳои пешин) ва 222 нафар такроран ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 1 маркази ҷумҳуриявӣ, 4 маркази вилоятӣ ва 62 маркази шаҳрию ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО фаъолият доранд, ки мунтазам таҳлили ҳолати сироятёбии ВНМО/БПНМ, расонидани ёрии амалӣ оид ба такмили назорати эпидемиологӣ, ташкил ва гузаронидани маҷмўи чорабиниҳои пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, расонидани тамоми намудҳои ёрии ташхисию табобатӣ ба беморони сироятёфтагони ВНМО ва гирифторони бемории пайдошудаи норасоии масуният (бистарикунонӣ, табобат, назорати диспансерӣ, муоина, пешгирӣ)-ро дар ҷумҳурӣ амалӣ менамоянд.
Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 320 адад ташхисгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла 42 дастгоҳи замонавии ташхиси иммуноферментӣ фаъолият намуда, дар назди 9 маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дастгоҳҳои муайянкунии таҷзияи занҷираи полимеразӣ (ПЦР) ва дар назди 7 марказ муайянкунии ҳуҷайраҳои СД4 арзи вуҷуд доранд.
Ташкил намудани чунин ташхисгоҳҳо имконият медиҳад, ки сифати табобат назорат карда шуда, ҳангоми зарурат ба реҷаи табобат тағйирот ворид карда шавад.