Дар остонаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Муассисаи давлати Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки Форуми мазкур бо ташаббуси Вазорати адлияи кишвар ва бо дастгирии шарикони рушд ҳамасола аз соли 2015 баргузор мегардад, ки дар кори он масъалаҳои амали гардонии Қонуни ҶТ ” Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” мавриди барассӣ қарор гирифта, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон ва шарикони рушд иштирок менамоянд.
Зимнан зикр гардид, ки Форуми миллӣ майдони муколама байни ҳуқуқшиносон, олимони сохаи ҳуқуқ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуӯуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кишрҳои гуногуни ҷомеа барои муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи пешниҳодот барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастраси пайдо кардан ба адолати судӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Инчунин дар кори Форуми ҳаштуми миллӣ тавзеҳ дода шуд, ки Форум минбари муносибатест, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд масъалаҳо ва мушкилоти муҳимро муҳокима карда, роҳҳои ҳалли онҳоро якҷо ҷустуҷӯ намоянд.
Дар натиҷаи мубоҳиса ва муҳокимарониҳо дар фарҷоми Форум тавсияҳо қабул гардиданд, ки ба мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва корбари ирсол карда мешаванд.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”