Темур дар вазни +100кг рақобатро аз даври 1/8 финал оғоз карда, дар мубориза варзишгари Ӯзбекистон Бекмурод Олтибоевро дар вақти тиллоӣ (осейкомӣ) шикаст дод ва ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт.Дар рақобати чорякниҳоӣ Темур бо намояндаи Озарбойҷон Ҷамол Ғамзатхонов пирӯз гардид, лекин дар рақобати нимфиналӣ аз варзишгари Чех Лукас Крпалек, ки медали тиллои ин вазнро ба даст овард, шикаст хӯрд. Бояд қайд намоем, ки дар баробари ин Крпалек ду маротиба медали тиллоӣ Бозиҳои олимпиро ба даст овардааст.
Дар ин вазн медали нуқра насиби Ҷур Спикерс аз Нидерландия гардид. Медалҳои биринҷии вазни +100кг насиби паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов ва Иней Маринич аз Словения гардид.
Ин сеюм медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар соли 2022 ба ҳисоб меравад. Ӯ дар Гранд Слами Телавив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин, имсол дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардидааст ва дар зинаи аввали радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ гирифтааст.