Ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон сабаби марги даҳҳо нафар сокинони осоишта гардид. Шаклу шеваи бархӯрди кишвари ҳамсоя солҳои охир бозгӯи он аст, ки дар зери ин парда ҳадафу мақсадҳои нопоки дигари он ҷониб ниҳонанд. Чунин ибрози андеша намудааст ба АМИТ «Ховар» Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам ЛАТИФЗОДА.
Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон бар он бовар аст, ки «дар амалкардҳои ҷониби қирғиз танҳо масоили дохилиашон нуҳуфта нест, балки фаротар аз он аст ва имкон дорад аз ҷониби сеюм бо ҳадафҳои хос роҳандозӣ гашта, идорааш ҳам дар дасти онҳост. Зеро агар риштаи ҳалли масъала дар дасти мақомоти кишвари ҳамсоя мебуд, онҳо ҳатман ба аҳди дар назди ҳамтоёни тоҷик додаи худ вафо мекарданд. Пас чаро хулоса накунем, ки аз ин гуна шакли бархӯрд маҳз ҷониби сеюм манфиатдор аст ва онҳо аз қудратҳою ниҳодҳои мухталифи давлативу ҷамъиятии Қирғизистон суиистифода мекунанд?».
Ба гуфти мавсуф, истифода шудани техникаи вазнин ва тайёраҳои бесарнишин дар ҳуҷуми охир аз ҷониби мақомоти Қирғизистон масъаларо аёнтар ва исбот менамояд, ки агар ин иғвову низоъҳои сунъӣ пешгирӣ нашаванд, кишварҳои Осиёи Марказиро хатари ҷиддитаре дар пеш хоҳад буд. Зеро қазияи Афғонистон собит сохт, ки дар чунин ҳолатҳо кишварҳои минтақа бояд бо ҳар роҳ ба амалҳои иғвогарона сари вақт вокуниш нишон диҳанд ва онҳоро пешгирӣ намоянд.
Ҳамсуҳбати мо зикр дошт, «таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муноқишаю задухӯрдҳо ҳамеша аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз оғоз мешаванд. Дар натиҷа талафоти аз ҳама зиёди ҷониву молиро маҳз ҷониби Тоҷикистон мебинад. Зеро ин задухӯрдҳо ногаҳонӣ ва якбора сурат мегиранду сарҳадбонҳою мардуми осоиштаи тоҷик ба онҳо омода нестанд. Аммо тавре аз хабарҳо огоҳ мешавем, ҷониби қирғиз пеш аз чунин ҳодисаҳо ҳамеша мардуми деҳоти марзии худро ба ҷои дигари амнтар интиқол медиҳад. Ин гуна рафтори Қирғизистон нисбат ба ҳамсояи худ бешарафист».