Раҷаббой Аҳмадзода ҳамдардии Ҳукумати ҷумҳуриро ба пайвандони ҳалокшудаҳо дар марз расонд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзод рӯзи 20-уми сентябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба манзили сокиноне, ки дар пайи ҳамлаи низомиёни қирғиз ҷон бохтанд, рафта аз номи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар ба наздикону бастагони кушташудагон изҳори таслият намуд.

Тавре Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, Аҳмадзода бо аҳолии зарардидаи ин ноҳия мулоқот кард ва гуфт манзили онҳо пурра барқарор карда мешавад.

“Барои бартараф намудани оқибатҳои харобиовари муноқиша ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, барои бунёди манзил ва сарпаноҳ чораҳои зарурӣ андешида мешавад”, – иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти раиси вилоят.