Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода бо муовини вазири молияи Давлати Кувайт хонум Асил Сулайман Ас-Саад Ал-Мунифӣ дидору гуфтугӯ намуд.
Тавре Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад, дар дидор имконоти сармоягузории ҷумҳурӣ ва дастгирии сармоягузорӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ ва муҳокима гардид. Ҳамзамон доир ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар ва имтиёзҳо барои сармоягузорон иттилоъ дода шуд.
Гуфта мешавад, мувофиқа ҳосил гардид, ки барои баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Кувайт корбарӣ карда мешавад.
Манбаъ афзуд, мулоқоти мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо масъалаҳои дарёфти самтҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.