Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сафедшаҳраки деҳоти Лоҳутӣ ташриф оварда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ифтитоҳ намуданд.
Муассисаи нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 17 синфхонаи таълимӣ мебошад, ки барои 680 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда дар муассисаи таълимии мазкур баҳои баланд додаанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.
Дар мактаби нав синфхонаҳои барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, астраномия, табиатшиносӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, толори хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва кормандон, нуқтаи тиббӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.
Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки дорои 176 ҷойи нишаст аст.
Ҳамчунин барои ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзишӣ бунёд гардидааст. Дар толори варзишӣ асосан, бозиҳои волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш гузаронда мешаванд. Хонандагон имкон доранд, ки дар рафти машғулияти варзишӣ ба обу тоби бадан машғул шаванд.
Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлис бо 260 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дар синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат хонандагон нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро аз худ менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ ороста, аз омӯзгорон талаб карданд, ки аз шароитҳои муҳайёгардида дар муассисаи нав бо самар истифода бурда, ба омӯзондани дурусти барномаҳои таълимӣ ба хонандагон, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю технологияи муосир ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва агнлисӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.