Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ ба санаи 30-июни соли 2022 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 20 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ дар маҷмӯъ 1529 адад банкомат ва 5773 адад терминалҳои электронӣ насб карда шудаанд. – иттилоъ медиҳад ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз ҷараёни баргузории нишасти хабарии Бонки миллии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ ҳамзамон дар нишаст зикр гардид, ки шумораи кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда 4,2 млн ададро ташкил дода, теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ наздик ба 5 млн расидааст. Инчунин барои пардохти ғайринақдӣ 14825 адад QR – рамз барои пардохти ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.