Тими мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба Бишкеки Қирғизистон сафар кард.
Тими мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сафар 25 бозигар зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ, сармураббии тими мунтахаб Петр Сегрт ташкил медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» ҳунарнамоӣ мекунад. Рақибони тими кишвари мо Мянмар (8-июн), Сингапур (11-июн) ва Қирғизистон (14-июн) ба ҳисоб меравад.
Бар асоси натиҷаи мусобиқоти интихобӣ ғолибони 6 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи беҳтарин, ки ҷойи дуюмро ба даст меоранд ба финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023
Гурӯҳи «F»
Даври 1-ум
8-июн (чоршанбе)
Соати 15:30 Тоҷикистон — Мянмар
Соати 20:00 Қирғизистон — Сингапур
Даври 2-юм
11-июн (шанбе)
Соати 15:30 Сингапур — Тоҷикистон
Соати 20:00 Мянмар — Қирғизистон
Даври 3-юм
14-июн (сешанбе)
Соати 15:30 Мянмар — Сингапур
Соати 20:00 Қирғизистон — Тоҷикистон
Сорбон Амонуллозода,
радиои «Тоҷикистон»