Дар Душанбе ҳаракати як хатсайри автобус қатъ мегардад

Шурӯъ 1 июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҳаракати микроавтобусҳои рақами 44, ки аз кӯчаи П.Толис – ҷамоати деҳоти Қуштеппа то маҳаллаи Лоҳутӣ (ЖБК-6) ҳаракат мекунад, қатъ мегардад. Дар ин бора аз мақомоти Душанбе хабар доданд.

Гуфта мешавад, хатсайри куҳна ба хатсайри дигар, ки аллакай амал мекунад, иваз карда мешавад.

Нақлиёти доимии ҷамъиятӣ аз ҳисоби зиёд кардани шумораи автобусҳо ва иваз кардани нуқтаи охири хатсайри рақами 4 таъмин карда мешавад: Аз терминали “Маром” то маркази савдои “Кушониён”.

Зикр мегардад, ки хатсайри автобуси №4 дар самти зерин ҳаракат мекунад: аз маркази савдои “Кушониён” то Терминали Шарқӣ, аз кӯчаву хиёбонҳои хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, Рӯдакӣ, У.Хайём, М.Турсунзода, Шарқ, Меҳнат, К.Раҳимов, А.Лоҳутӣ, Шотемур, Х.Деҳлавӣ, Г.Валаматзода ва С.Айнӣ.

Мақомоти шаҳр мегӯянд, шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо автобусҳои муосири AKIA ва KING LONG сафар кунанд.

Маъмурият инчунин хотиррасон кард, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.