Паҳлавонҳои тоҷик дар мусобиқаи ҷудо «ТBILISI GRAND SLAM 2022» иштирок мекунанд

Рӯзҳои 3-юм 5-уми июн дар пойтахти Гурҷистон шаҳри Тбилиси мусобиқа оид ба гуштини тарзи ҷудо «ТBILISI GRAND SLAM 2022» баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9-варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард. 

 -66 кг Эмомалӣ Нуралӣ

-66 кг Шаҳбоз Саидаброров

-73 кг Муҳаммадшариф Наҷмиддинов

-73 кг Муҳаммадраҳим Сарахонов

-81 кг Шодмон Ризоев

-81 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалиллов

-90 кг Кароматулло Ҳакимов

-100 кг Раҳмон Мансур

+100 кг Абубакри Акобир Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2022» иштироки 304 варзишгар (190 мард ва 114 зан) аз 39-кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Сорбон Амонуллозода

радиои «Тоҷикистон»