Китоби нави доктори илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух Асорӣ аз чоп баромад. Ин китоб “Масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҳифзи истиқлол ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон” унвон дошта, ки 255 саҳифаро дар бар мегирад. Дар ин бора сомонаи расмии АМИТ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ба ин китоби таҳқиқӣ академики АМИТ Кароматулло Олимов сарсухан навишта, зимни баёни андеша иқрор мекунад, ки муҳимтарин афкори ваҳдати миллӣ худогоҳиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ба ибораи дигар, эҳёи тоҷик бо дарназардошти ҳувияти миллие, ки дар гузашта дошту онро имрӯз то андозае розҷӯии исломӣ иваз намудааст, бояд аз тариқи татбиқ ва тамрини афкори ваҳдати миллӣ сурат пазирад ва маҳз ҳамин истилоҳ наҷотбахши миллату давлат дар шароити ҷаҳонисозии муосир маҳсуб мешавад.
Мундариҷаи интишороти мазкур се бобро фаро гирифта, боби аввал Нақши Пешвои миллатро дар ташаккули раванди эъмори давлати муосир мавриди баррасӣ қарор додааст. Нигорандаи рисола суханро аз Иҷлосияи шонздаҳум оғоз карда, ҷиҳати таҳия ва такмили артиши миллӣ таваққуф мекунад.
Муаллиф мегӯяд омили асосии аз рушду тараққӣ маҳрум мондани кишвар ҷанги таҳмилӣ буд, чунки хисороти он 7 миллиард долларро ташкил медод ва маро ҷиҳати барқарори ҳамаҷониба солҳо даркор омад, ки зиёни ҷангро барқарор созем. Махсусан, дар чунин авзоъи дохили кишвар ва раванди ҷаҳонисозии геосиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати сулҳовариро анҷом дода, тоҷиконро аз нестии қудрат эмин нигаҳ дошту минбаъд дар такомули низоми сиёсии муосир нақши ногуфтание бозид. Ҷанги таҳмилӣ бар сари тоҷик зӯргӯиву зӯровариҳои мухталифро боровар шуд ва осудагӣ, ки имкони ба фаъолият пардохтани инсон дар дилхоҳ ҷомеа мебошад, аз майдони иқомату фаъолияти мо рахт барбаст ва майдонро афроде гирифтанд, ки дар даст силоҳ доштанд ва силоҳ онҳоро нобинову зӯру террорист сохта буд.
Дар китоб дар баробари сохтмонҳои аср боз аз нерӯҳое ҳарф мезанад, ки бо вижагиҳои террористӣ аллакай дар ҷаҳон машҳур шудаанд. Махсусан, наҳзатҳои дар кишвар мамнугардида дар ин боб баррасӣ шуда, ҳадафҳои зидди миллиашон аз ҷониби мусанифи китоб ошкор шудааст.