Суҳроб Ширинов, таҳлилгар (маркетолог)-и ширкати «Акиа Авесто» ба АМИТ «Ховар» гуфтааст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ» электробусу электротроллейбуси ширкати «Акиа Авесто»-и Тоҷикистон таваҷҷуҳи ширкатҳои хориҷиро ба худ ҷалб намуд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла ширкатҳои ӯзбекистонию қазоқистонӣ хостори ҳамкорӣ дар самти содироти ин навъи нақлиёти Тоҷикистон шуданд ва дар сурати ба мувофиқа расидан ин амали муҳим ояндаи наздик роҳандозӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 26-28 апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 ширкати хориҷӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои ИДМ, Фаронса, Италия, Нидерландия, Ҳиндустон, Ирландия ва Ҷопон ширкат варзиданд.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузург 28 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ муаррифӣ намуданд, ки ширкати «Акиа Авесто» аз ҳамин зумра буд. Ширкати мазкур дар ин намоишгоҳ электробус, троллейбус, электротроллейбус ва автобуси тариқи гази табиӣ ҳаракаткунандаи замонавии худро, ки зери тамғаи АКИА-ориё- Made in Tajikistan истеҳсол мешавад, ба намоиш гузошт.
Суҳроб Ширинов ба АМИТ «Ховар» гуфтааст, ки истифодаи электромобилҳо на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар аст, балки аз лиҳози экологӣ низ хеле муфид мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки дар самти истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол мекунад.
Автобусҳои итсеҳсолкардаи «Акиа Авесто»-и Тоҷикистон бо стандарти экологии Аврупоии эвро 5 ва эвро 6 истеҳсол мешаванд, ки яке аз маҳсулотҳои рақобатпазири ҷаҳонист.Имрӯзҳо ширкат истеҳсоли автобусу троллейбусҳои 12, 9 ва 8-метраи дохилишаҳриро ба роҳ мондааст ва иқтидори истеҳсоли солонааш то 300 нақлиёт вобаста ба талаботи бозор мебошад.