Камбэки таърихӣ: “Реал Мадрид” “Манчестер сити”-ро ноком кард ва ба финали ЛЧ роҳ ёфт

Шаби 4-уми май дар доираи бозии ҷавобии даври 1/2 финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо, байни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Манчестер Сити” рақобати бисёр шадид сурат гирифт.

Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи муҳташами “Сантяго Бенрнабео” баргузор гардида, ба фоидаи дастаи шоҳона ба поён расид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 73-юми рақобат ҳамлавари “Шаҳриҳо” Рияд Маҳрез кушода, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард.

Дар лаҳзаҳои охири вақти асосии рақобат, аниқтараш дар дақиқаи 90-ум футболбози ҷавони бразилӣ Родриго гол ба самар расонид ва ҳисоби бозиро 1:1 намуд. Баъди гузаштани 2-дақиқа Родриго як голи дигар ба ҳадаф расонид ва довар барои муайян кардани ғолиб вақти иловагӣизофа кард. Дар дақиқаи 93-юми вохӯрӣ барои ғайри қоида бозӣ кардани Рубен Диаш довар ба дарвозаи “Манчестер Сити” зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) таъин намуд. Зарбаи ҷаримавиро Карим Бензема ба осонӣ ба дарвозаи Эдерсон ворид карда, ҳисоби бозиро 3:1 намуд.

Ҳамин тариқ бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” зери роҳбарии сармураббӣ Карло Анчелотти дар ҳисоби 2-бозӣ бо натиҷаи 6:5 дастаи Пеп Гвардиоларо ноком карда, ба финали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт.