Вазорати маориф ва илм дар сомонаи расмиаш ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон-истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода расонидааст, ки метавонанд ба қабули сайёри вазири маориф ва илм биоянд.
Дар эълон омадааст, ки санаи 07.05.2022, аз соати 09:00 то соати 11:00 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва муовинони ӯ баргузор мегардад.