12 апрел дар қароргоҳи СММ намояндагиҳои Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (марти 2023, ш.Ню-Йорк) дар ҳамдастӣ бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ниҳоди СММ-захираҳои об дар бораи корҳои анҷомшуда ва нақшаҳои дарпешистодаи худ нишасти хабарӣ баргузор намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни ин нишаст ҳамраисони Конфронси СММ-2023 оид ба об Султон Раҳимзода ва Ҳенк Овинк дар бораи раванди омодагӣ ба Конфронси 2023, иқдомҳои минбаъда ва интизориҳо аз чорабинӣ ба ҳозирин маълумот доданд. Зикр гардид, ки об ҷузъи ташаккули тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон мебошад ва аз ин лиҳоз Конфронси 2023 ба андешидани тадбирҳои мушаххас барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба об равона шудааст.
Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин ба ҳайси Дабири кулли Конфронси СММ-2023 ва Раиси ниҳоди СММ-захираҳои об Гилберт Ҳунгбо низ доир ба раванди омодагӣ ба Конфронс ва интизориҳои хеш ибрози назар карданд.
Тоҷикистон ва Нидерланд ба ҳайси ҳамраисони конфронс дар якҷоягӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ниҳоди СММ-захираҳои об ҳамчун котиботи конфронс мақсад гузоштаанд, то Конфронси 2023 оид ба обро ба лаҳзаи ҳалкунандае, ки тамоми ҷаҳонро барои расидан ба ҳадафҳои марбут ба об муттаҳид мекунад, табдил диҳанд.