Рӯзи 28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода гузориш дод.
Таъкид гардид, ки дар ҷумҳурӣ дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин, аз он 682 ҳазору 828 гектар обӣ қарор дорад. Заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар муқоиса бо ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли 2021 майдони умумии 24 ҳазору 349 гектар, аз он 2 ҳазору 96 гектар обӣ кам шудааст. Заминҳои корами ҷумҳурӣ 205 гектар ва майдони корами обӣ 246 гектар кам шуда, дарахтони бисёрсола 1 ҳазору 218 гектар, аз он 889 гектар обӣ зиёд шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш доданд, ки ба масъалаи дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, зиёд кардани майдони заминҳои киштшаванда ва истифодаи оқилонаи замин, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пеши роҳи ҳамагуна қонуншиканиҳо дар ин самт гирифта шавад.
Сипас, аъзои Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ”-ро муҳокима намуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.
Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳои дигар, Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш, Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2022, Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027, Дар бораи Барномаи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон дар солҳои 2022-2026, мавриди баррасии аъзои Ҳукумат қарор гирифт.
Баъди баррасии масъалаҳои маҷлиси Ҳукумат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии Президент, дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо оид ба кишту кори баҳорӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, супоришҳои мушаххас доданд.