Имрӯз ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 30 сол пур мешавад. 28 феврали соли 1992 Олмон истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, соли 1993 намояндагии дипломатии худро дар Душанбе ифтитоҳ кард ва аввалин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо гардид, ки дар кишвар сафоратхона дошт. Нахустин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Бонни Олмон ифтитоҳ шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, 14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳтарам Франк-Валтер Штайнмайер барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон самимона табрик ва таҳният мегӯям.
Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон то имрӯз ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои нави созанда пайдо кардаанд.
Таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунарсаи судманд бо Олмон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад ва мо ба рушди пайвастаи онҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.
Бо истифода аз фурсат изҳори умед менамоям, ки ба роҳ мондани мулоқоту тамосҳои сатҳи олии ду ҷониб ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани равобити неки кишварҳоямон мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
Ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти ҳарчӣ бештари ин муносибатҳо саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комилу дар масири иҷрои вазифаҳои пурмасъулият пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Олмон – сулҳу амонӣ ва пешрафту саодат орзумандам».
Ёдовар мешавем, ки мулоқотҳои сатҳи олӣ ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Олмон замина гузоштанд. Солҳои 2003 ва 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон боздид намуданд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат кард.
Зимни сафарҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти вақти ҶФО Кристиан Вулф ва Канслери вақти ҶФО Ангела Меркел мулоқот анҷом доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон мунтазам машваратҳои сиёсӣ ва гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявию техникӣ, ки ба сифати механизми тақвият ва рушди муносибатҳо мусоидат мекунанд, баргузор менамоянд.
Айни ҳол робитаҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар бомаром инкишоф меёбанд.
То ба имрӯз миёни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз ин теъдод 30 санад созишномаҳои байниҳукуматӣ, 9 созишномаи байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак мебошанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн мебошад.