Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ба маблағи умумии 353 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида,аз ин маблағ 324 миллион сомонӣ ё 92 фоиз барқарор карда шуд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода маълумот дода, гуфт зарарҳои молиявии зикршуда дар натиҷаи 1080 тафтишу санҷиши молиявии аз ҷониби кормандони ин Агентӣ гузаронидашуда, ошкор гардидааст.
«Аз маблағҳои рӯёнидашуда 110 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 214 миллион ба ташкилоту муассисаҳо рост меоянд», — зикр намуд С. Султонзода, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Тазаккур дода шуд, ки тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронида шуданд.