Акс аз ВКХ
24 январи 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ Ид Ал – Сақафӣ баргузор шудааст.
Дар ин бора Вазорати корщои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода менависад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ намуданд.
Дар ин росто, ба аҳаммияти баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар давоми соли 2022 таъкид шуд.