23 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон

Акс аз Ардашер Пайванд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти 23 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус хабар медиҳад.

“Имрӯз, 21 январ зимни баргузории Ситоди навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 23 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон бо ин сироят ба қайд гирифта шудааст”, – афзудааст манбаъ.

Аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17118 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар (99,3%) шифо ёфтаанд.

Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.