Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон дидор намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар, гуфтӯгу дирӯз дар бинои вазорат сурат гирифтааст.
Зикр мегардад, ки дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.