Хадамоти матбуоти ФИФА аз оғози фурӯши чиптаҳо ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, марҳилаи аввали сабтином то 8 феврал идома хоҳад кард. Дар ин муддат барои харидани чипта муроҷиат кардан мумкин аст. Дар сурати зиёд шудани шумораи дархостҳо аз шумораи чиптаҳо, ФИФА интихоби тасодуфиро анҷом медиҳад.
Барои шаҳрвандони хориҷӣ чиптаҳо аз 69 то 220 доллар, барои сокинони Қатар 11-доллар (арзонтарин чиптаҳо аз Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Мексика дар соли 1986) арзонтар арзиш дорад. Нархи чипта ба финал барои мухлисони хориҷӣ аз 206 то 604 доллар муқаррар гардидааст.
Дар мавриди марҳилаи дувуми фурӯш гуфта мешавад, ки он 1 апрел оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳон-2022 21 ноябр оғоз мешавад.