Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия дидору гуфтугӯ намуд

Акс аз ВКХ

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти анъанавии сафирони давлатҳои аъзои  ИДМ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей  Лавров иштирок кард. Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ С.Н. Лебедев низ ширкат варзид.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки зимни мулоқот фаъолияти муштарак дар доираи созмонҳои минтақавии ҳудуди ИДМ дар соли 2021 натиҷагирӣ шуд. Миёни ҷонибҳо андешаҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр мегардад, ки масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар он дидор буд.