Ба муносибати маротибаи навбатӣ ба вазифаи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва интихоби аъзои нави Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ташкилотҳои гуногуни ҳаракати олимпӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Ахиран Раҷа Рандхир Сингҳ, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиё ба унвонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми табрикотӣ равон намудааст, ки аз ҷумла дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрикоти самимии маро ба муносибати дубора интихоб шуданатон ба вазифаи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 дар Ассамблеяи генералӣ, ки 28 декабри соли 2021 баргузор гардид, қабул фармоед.
Итминон дорам, ки боварии дигарбораи Ассамблеяи генералӣ ба Шумо — Ҷаноби Олӣ барои пешбурди минбаъда ва рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузург хоҳад дошт. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шарики бузурги Шӯрои олимпии Осиё буда, боварӣ дорам, ки аз нав интихоб шудани Шумо ба ин мақом ин дӯстиро боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад. Ба Шумо дар корҳоятон барору комёбӣ таманно дорам ва ман шуморо ба дастгирӣ ва дӯстии доимии Шӯрои олимпии Осиё бовар мекунонам».