Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар робита ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма, доираҳои алоқаманд ба сайёҳӣ ва сармоягузорӣ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишвари иқомат иштирок карданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ рӯзи 2-юми январ зимни ин нишаст дар мавриди тафсилоти ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа барои шаҳрвандони баъзе кишварҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ суханронӣ кард ва ба аҳаммияти ин иқдоми саривақтӣ барои таҳкими беш аз пеши робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, махсусан дар самтҳои сайёҳӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ наворҳои инъикосгари табиати зебо, имкониятҳои сайёҳӣ ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ҳошияи нишасти матбуотӣ намоиши аксҳо таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари сайёҳии умедбахш” танзим гардид.