28 декабри соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори Тоҷикистон” бо мақсади баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласа, доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва доираи васеи кормандони сохтҳои шомили кумитаи мазкур иштирок намуданд.
Зимни маъруза Махфират Хидирзода қайд намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони мамлакат баёни воқеияти Тоҷикистон дар гузаштаву таҳлили авзои ҳозира ва маҷмуи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои рушди босубот дар оянда буда, дар ҳоле ироа гардид, ки соли 2021 бо як қатор дастовардҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва рӯйдодҳои фараҳбахши худ, махсусан, ҷашни муқаддаси миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини Ватани азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2021-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Зеро “барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”.
Сипас, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид таъкид намуданд, ки ҳамасола таваҷҷуҳи мардуми Тоҷикистон ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маротиб меафзояд ва метавон Паёмро барномаи кору амал ва зиндагии тамоми мардуми Тоҷикистон номид.
Дар ин ҳуҷҷати стратегиву сарнавиштсоз ба хотири рушди минбаъди Тоҷикистон як қатор вазифаҳо назди масъулини соҳаҳои гуногуни мамлакат гузошта шудааст. Аз ҷумла, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои нав, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, таъмиру навсозии роҳҳои мошингард, бунёди неругоҳҳои хурду бузург, дар маҷмуъ ноил гардидан ба чор ҳадафи стратегие, ки дар назди давлату Ҳукумат гузошта шудааст: аз бумбасти комуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқавор, ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии иқтисоди мамлакат, ки аллакай дар Тоҷикистон заминаҳо барои расидан ба ин ормонҳои наҷиб муҳайё ҳастанд.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд ва мо имрӯз вазифадорем, ки дар самти татбиқи он тамоми неру ва имконоти худро истифода барем.