Ба навиштаи сомонаи вазорати корҳои хориҷӣ 22 ноябри соли 2021 дар Теҳрон дидори Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Маҳдӣ Исмоилӣ сурат гирифт.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки аҳли адабу фарҳанги ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.