Дар кӯчаи Б. Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 600мм пайваст карда мешавад. Зимни иҷрои корҳои пайвасткунӣ аз соати 08-00 то соати 22-00-и 4 ноябри соли 2021 интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 3 ноябри соли равон ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Тавре дар қарори мазкур омадааст, дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино — шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104 ва 112, маҳаллаҳои Зарафшон 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Деҳи боло, Буни Ҳисорак, Панҷруд, Лучоби боло ва поён, Қазоқон 1 ва 2, Ободкорон, Бунёдкорон, Зафар, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Авул 1 ва 2, кӯчаҳои Б. Ҳамдам, А. Навоӣ, Б. Ғафуров, Н. Махсум, Шамсӣ, А. Сино ва Баҳовуддинов аз соати 08-00 то соати 22-00 –и 4 ноябри соли равон қатъ мегардад.
Раиси шаҳр дар қарори зикршуда раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»-ро вазифадор намудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Ҳамчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.