2 ноябр зимни мулоқоти Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид, дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи мазкур Иброҳим Аҳмадов ба Радиои Тоҷикстон хабар дод.
Нуриддин Саид аз таърихи равобити дипломатии ҳарду кишвар, бахусус дар соҳаи телевизон ва радио ёдовар шуда, зикр намуд, ки миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи телевизон ва радиои Туркия 18 декабри соли 2012 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ки он дар вусъат бахшидани ҳамкории соҳавӣ нақши муҳим дорад.
Дар мулоқот масъалаҳо доир ба вусъати ҳамкорӣ дар самти омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, омода кардани мутахассисон дар бахшҳои гуногуни телевизион ва радио, баргузор намудани семинару конфронсҳои соҳавии муштарак, такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ, инчунин лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати телевизион ва радиои Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари намояндагии дипломатии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл оид ба фаъолияти телевизион ва радиоҳои Туркия мухтасар маълумот дода, омодагии кишвари худро баҳри ҳамкорӣ дар самтҳои номбаршуда изҳор дошт.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.