Дар 6 моҳи соли 2021 нишондиҳандаи гардиши савдо миёни Тоҷикистону Покистон ба 18,9 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Инчунин, якчанд самтҳои афзалиятноки ҳамкории ояндаи мутақобилан судманд, бахусус таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр бо арзиши иловашуда дар соҳаҳои нассоҷӣ ва фармасевтӣ, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон барои рушди тиҷорати дуҷониба мавҷуд аст.
Баррасии ин ва дигар паҳлуҳои муносибатҳои дуҷониба бо Покистон зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Ҳайдар сурат гирифт ва зимни мулоқот Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Покистон решаҳои тӯлонӣ ва амиқ дошта, ин ҳамкории стратегӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар боз ҳам ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Ба навиштаи сомонаи Вазорат дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда изҳор намуданд.