Агентии назорати маводи нашъаовар аз ошкорнамоии якчанд ҳолати хариду фурӯши ғайриқонунии дорувориҳои психотропӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар давоми моҳҳои гузашта хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Саидшо Исмоилов дар ноҳияи И.Сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, дар дохили дорухона 400 адад ҳаби психотропии “Алпразолам”- ро бо мақсади фурӯш ғайриқонунӣ нигоҳ медошт. Аз ӯ ҳамзамон 220 адад чунин ҳаб мусодира гашт.
Ҳамчунин, Агентӣ бо истифода аз “харидории санҷишӣ” аз шаҳрванд Ёқубҷон Раҷабов 290 адад дорувории психотропии “Алпразолам” бо маблағи 780 сомонӣ ва дар дорухонаи “Амир-фарм” воқеъ дар кучаи Н.Қарабоев №92/1 аз шаҳрванд Илҳом Ҷумаев ду адад қутии рангаш сафед бо навиштаҷоти Alprazolam ки дар дохили он 224 адад ҳабҳо ҷойгир буданд дастрас кардааст. Дар рафти тафтишот маълум гардид, ки шаҳрванд Ҷумаев И. бе доштани иҷозатномаи махсус фурӯши дорувориҳои психотропиро ба роҳ мондааст.
Ҳамин тавр, аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовар нисбати Исмоилов С., Раҷабов Ё., Ҳайдаров А., Ҷумаев И. ва ҳамчунин нисбати Саодат Ҷалолова, Ғаффорзода Саймуҳаммад, Диловар Зиёев бо аломатҳои моддаи 206 иловаи 1 қисми 1 и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд ба муҳлати то ду сол маҳрум сохтан аз озодӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.