Ба 165 ҳазор оилаи камбизоат кумакпулӣ тақсим мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи май Созишномаи дуюми молиявӣ “Оид ба маблағгузории дуюми иловагӣ барои “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (гранти Бонки умумиҷаҳонӣ №D777-TJ)-ро ба имзо расонид, ки тибқи он аз моҳи август то охири сол ба  165 ҳазор оилаҳои камбизоат кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ бо мақсади пешгирии хавфи норасоии ғизо дар байни кӯдакони хурдсол дар давраи паҳншавии сирояти COVID-19 дода мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 82,5 млн. сомониро ташкил дода, ҳамин тавр, дар моҳи августи соли ҷорӣ ба 84000 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони синни то 7 сола доранд, ба маблағи 42 млн. сомонӣ, дар моҳи сентябр-октябри соли ҷорӣ ба 56000 оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони хурдсол, инчунин оилаҳое, ки занҳо сардори оила буда, дар ҳайати худ кӯдакони синни аз 7 то 16 сола доранд, ба маблағи 28,0 млн. сомонӣ, дар моҳи ноябр-декабри соли ҷорӣ  ба 25000 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони маъюби синни то 18 сола доранд, ба маблағи 12,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки интихоби оилаҳои камбизоат барои расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ дар заминаи механизми амалкунандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ амалӣ гардида, барои анҷом додани пардохтҳо дар таҳрири нав Дастурамал дар бораи таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” 17 июни соли 2021 тасдиқ карда шудааст.

“Мақоми татбиқкунанда механизми таъин ва пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар баробари ин, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва худидоракунии маҳаллиро дар раванди амалисозии механизми мазкур иҷро намуда, ҳамзамон маъмурикунонии махзани иттилоотии гирандагони кумакпулиро анҷом медиҳад”,-омадааст дар гузориши Вазорат.

Ёдовар мешавем, ки як сол қабл дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ (гранти №D604-TJ аз 3 апрели соли 2020) «Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз намуд.

Яке аз самтҳои фаъолияти Лоиҳа-ин расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ бо мақсади пешгирии хавфи норасоии ғизо дар байни кӯдакони хурдсол дар давраи паҳншавии сирояти COVID-19 ва ҷуброни паёмадҳои манфии бемории ҳамагир ба оилаҳои камбизоат, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, маҳсуб меёбад.

Дар марҳилаи аввал, яъне аз моҳи июни соли 2020 то моҳи апрели соли 2021 кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ ба 69 966 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони синни то 3  сола доранд, дар ҳаҷми 34 983 000 сомонӣ расонида шуд.