Мунтазиру муштоқиҳо хотима ёфт баъд аз дарҳаму барҳамҳо худи имрӯз Бозиҳои олимпии Токио 2020 оғоз мешавад. Ҳар як лаҳзаи ин мусобиқа ниёз ба шарҳу тавзеҳ дорад. Соати 16 Олимпиада расман ифтитоҳ шуда, ТВ “Варзиш” ин маросимро мустақиман бозтоб медиҳад.
Саодатмандӣ барои тамоми мардуми гетӣ худи имрӯз 23-юми июл дар пойтахти Ҷопон Бозиҳои олимпии Токио-2020 оғоз мешавад. Ин мусобиқа ба иллати паҳншавии коронавирус мардумро олудаи ғам намуду як соли расо ба таъхир афтод. “11 ҳазор варзишгар аз 204 кишвар дар ин Бозиҳо иштирок хоҳанд кард омадааст”- дар сайти расмии Кумитаи байналмилалии олимпӣ. Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми имрӯз то 8-уми август баргузор мешавад.
Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ карда, шаъну шарафу шуҳрати меҳанамонро ҳифз хоҳанд кард. Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, -90 кг), Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) – ҳама дар риштаи гуштин ва кўштии ҷудо баромад менамоянд. Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов (ҳарду оид ба шиноварӣ) –Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҳарсе оид ба муштзанӣ ё худ варзиши бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук дар Олимпиада иштирок намуда, андари майдон мешаванд. Ин мусобиқа дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар шаҳри Токио ба ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ кардааст. Бинобар ин, бозиҳои олимпӣ бе ҳузури тамошобинон баргузор хоҳад шуд.
Воқеан боиси таассуф аст, ки ин гуна мусобиқаи бонуфуз бе ғалолғулаи мухлисон баргузор мешаванд. Варзишгарони маъруфу машҳури дунё наметавонанд шаҳди пирӯзиро ҳамроҳ бо шефтагонашон ҷашн гиранд. Мо итминон дорем ки варзишгарон худро танҳо тасаввур намекунанд.