Масъулини мақомоти гумруки ВМКБ мегӯянд, дар давраи пандемияи коронавирус аз ҳисоби ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ба воситаи дидбонгоҳи гумрукии Қулма 15 миллион сомонӣ ба буҷаи давлати ворид нашудааст.
Нуктаро Муҳиддин Ҷумъаев, сарнозири Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилоят зимни шарҳ додани фаъолияти Дидбонгоҳи мазкур зикр намуд. Ба Муҳиддин Ҷумъаев, ҳоло Дидбонгоҳи гумрукии Қулма бо реҷаи махсус фаъолият худро идома дода истодааст, ки муомилоти молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин асосан ба воситаи ин гузаргоҳ сурат мегирад, аммо таъсири манфии марзбандиҳо дар навбати аввал иқтисоди кишвар расид. “Дар ҳақиқат бемории Ковид қариб ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсири манфии худро расонд. Аз ҷумла, фаъолияти дидбонгоҳи гумрукии Қулма дар сарҳад бо Ҷумҳурии халқии Хитой бо мақсади пешгирии касалии Ковид 19 дар Тоҷикистон мувақатан боз дошта шуд. Ҳамин тариқ, интиқоли мол ба Ҷумҳурии халқии Хитой моҳҳои феврал- апрел қатъ гардид. Агар ба нишондиҳандаҳои оморӣ назар афканем, соли гузашта дар ин се моҳ воридоти қариб шашсад воситаҳои нақлиёти боркаш бо мол дар ҳаҷми чордаҳ ҳазор тонна ба маблағи қариб дувоздаҳ миллион доллари амрикоӣ амалӣ гаштааст. Яъне баста шудани роҳ ба гардиши мол таъсири манфӣ расонд. Аз тарафи дигар мақомоти гумрук ба гардиши мол аз нуқтаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва воридшавии маблағ ба буҷаи давлат назар мекунад. Аз нишондиҳандаҳои овардашуда, ба буҷаи давлат мебоист пардохтҳо ба маблағи қариб понздаҳ миллион сомонӣ ворид мешуд. Ин ҳамчун зарарест, ки ба мақомоти гумрук ҳамчун яке аз манбаъҳои ғанӣ гардонидани буҷаи давлат расидааст. Маҳдуд гаштани фаъолияти соҳибкорон низ ба чашм аён аст. Чи тавре, ки дар дохили давлат он мушоҳида мешавад дар фаъолияти берунии иқтисодӣ низ он ба соҳибкорон таъсири манфии худро расонд.”
Бояд гуфт, ки шоҳроҳи байналмиллалии Мурғоб – Қулма – Хоруғ –Душанбе, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ кард, кишвари Тоҷикистонро бо кишвари абарқудрати дунё – Чин пайваст гардонд, ки дар рушди иқтисодии мамлакат, таъмини бозори истеъмолии мардум бо маводи гуногуни истеъмолӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Роҳ тариқи дидбонгоҳи гумрукии Қулма, ки дар баландии зиёда аз 4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, тиҷорат байни ду кишвари ҳамҷивор – Тоҷикистону Чинро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монд. Ҳамасола тариқи реҷаи муайян бо кушода будани гузаргоҳ борҳои гуногуни хоҷагии халқ вориди кишвар мегарданд.
Аз аввали соли равон, вобаста ба паҳншавии бемории сироятии Каронавирус – Ковид-19, ҳаҷми боркашонӣ, ҳамлу нақди молу коло нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам гардида, аз моҳи феврал инҷониб мушкилоти маҳдуд кардани рафтуомади нақлиёт ва фаъолияти дидбонгоҳ ва умуман соҳибкорон таъсир расонд.
Баста шудани роҳ ба гардиши мол таъсири манфӣ расонд. Алъон тартиби маҳдудшуда ҷорӣ шуда, он то муайян шудани тартиби низоми муайян фаъолият дорад. Дар ин бора мусоҳиби мо Муҳиддин Ҷумъаев мегўяд: “Вобаста ба кам гаштани хатари сироятшавӣ, намояндагии Ҷумҳурии халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди барқароркунии фаъолияти дидбонгоҳи гумрукии Қулма дар сарҳад бо Хитой, бо низоми муайяншуда қабул кард. Аз санаи якуми майи соли ҷорӣ, интиқоли мол ба воситаҳои нақлиёт дар дидбонгоҳи мазкур бо маҳдудиятҳои муайяншуда оғоз ёфт. Маҳдудият фақат бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ амал мекунад. Алҳол асосан воридоти воситаҳои нақлиёт ва техникаи роҳсозӣ ва кишоварзӣ аз Ҷумҳурии халқии Хитой амалӣ мегардад. Интиқоли мол бо роҳи азнавборкунии контейнерҳо дар сарҳади гумрукӣ гузаронида мешавад. Дар сарҳади гумрукӣ аз тарафи мақомотҳои дахлдор тамоми шароитҳо барои безараргардонии контейнерҳо ва воситаҳои нақлиёти нав муҳайё шудаанд. Ҳамин тариқ, дар моҳи май воридоти 102 перегонҳо, 46 адад воситаи нақлиёти боркаш дар ҳаҷми 850 тонна мол ба маблағи се ҳазор миллион доллари амрикоӣ ворид гардидааст. Бо кам гаштани хатари сироятшавӣ, фаъолияти дидбонгоҳ боз ба тартиби доимӣ боз хоҳад гашт, ва тамоми маҳдудиятҳои мавҷуда аз байн бурда хоҳад шуд.”
Воқеъ будани дидбонгоҳи марзӣ дар мавзеи номусоиди ҷуғрофӣ, баландии аз сатҳи баҳр, фаъолияти дидбонгоҳи байни ду кишвари ҳамсоя дар Қулма хуб ба роҳ монда шудааст. Дар баробари кормандони гумрук ҳамчунин дигар ниҳодҳои назоратӣ сифати моли воридгардидаро аз назар гузаронида, воридоти маҳсулоти пастсифатро пешгирӣ менамоянд. “Дар баробари мақомоти гумрук дар сарҳад, дигар мақомотҳои назоратӣ, инчунин сарҳадбонон, соҳаи нақлиёти байналмиллалӣ, фитосанитарӣ, ветеринарӣ фаъолият мекунанд. Дар иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди истгоҳи ягона, бо мақсади роҳ надодан ба тафтишоти такрории воситаҳои нақлиёт то маҳалли таъйинот, барои онҳо як ҳуҷҷати умумӣ бо номи «Талон» ба расмият дароварда мешавад. Барои мусоидат намудан ба соҳибкорон ва ҳарчӣ тезтар ҷавоб додани онҳо, назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукӣ ба таври содагардонидашуда гузаронида мешавад.”- гуфт Муҳиддин Ҷумъаев
Имрўз новобаста аз мушкилоти мавҷуда, талошҳо ба он нигаронида шудааст, то инфросохтори зарурии муосир дар гузаргоҳ бунёд шавад, ки бо аз байн бардоштани маҳдудият фаъолияти Дидбонгоҳ самаранок идома ёбад. Мавҷудияти инфрасохтори замонавӣ имконият медиҳад, ки фаъолияти дидбонгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, азназаргузаронии борҳои воридгардида ва ҳуҷҷатгузории расмӣ бе таъхир сурат гирад.
Сафармо Маҳмадфозил, мухбири
минтақавии Радиои Тоҷикистон аз ВМКБ