Масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад баррасӣ шуд

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон зимни як дидор ба мувофиқа расиданд, ки хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд.

Мулоқоти гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С. Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қ.Қ.Ташиев дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи «Гулистон» ва гузаргоҳи «Кизил-Бел» баргузор гашта, дар он ҳамчунин дигар масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламравҳои сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

Тибқи мувофиқа, тарафҳо муваззаф гаштанд, ки роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд. Бо мақсади таъмини иҷрои созишномаҳои бадастомада таҳти роҳбарии фармондеҳони қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Дар ин мулоқот миёни гурӯҳҳо қарор дода шуд, ки 1 майи соли равон дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор карда шавад.