64 % аҳолии кишвар ваксинаи зидди коронавирус мегирад

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе дар мавриди муҳимтарин руҳдод ва таҳавулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳафтаи охир дар Тоҷикистон ва ҷаҳон матолиби хабарӣ ва таҳлилӣ чоп кардаанд.

“Ҷумҳурият”

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 3 март   мақолае бо номи “Хатлон.500 ҳазор кӯдак аз тарбияи томактабӣ маҳрум аст. Чӣ бояд кард?!” чоп карда, аз сатҳи андаки фарогирии кудакони вилоят ба таҳсили томактабӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

  Ба навишати муаллиф  айни замон дар вилояти Хатлон 156 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва кӯдакистон фаъолият дорад, ки ин ҳамагӣ 9,4 дарсади кӯдаконро дар ин минтақа фаро мегиранд. Яъне дар вилояти Хатлон 16 ҳазор кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуда, боқимонда 500 ҳазор кӯдаки дигар аз тарбия дар кӯдакистонҳо маҳруманд.

Дар ин мақола муаллиф таъкид мекунад, ки тибқи “Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои давраи солҳои 2014 – 2020” мебоист дар ин муддат 859 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бунёд мешуд, аммо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамагӣ 95 муассисаи томактабии хусусӣ ба фаъолият оғоз кард, ки 11,1 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар мақолаи дигаре таҳти унвони “Самар. Ҳоли табоҳи корхонаи замоне овозадор дар ноҳияи Восеъ.” навиштааст, ширкати хусусии «Самар»-и ноҳияи Восеъ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо истеҳсолоти рушдкарда, ҳамчунин, рӯзномаю телевизиони хусусӣ ва тимҳои футболу баскетболаш шуҳрат дошт, ғайричашдошт дар соли 2014 ба шикаст мувоҷеҳ шуд.

Таҳқиқоти  журналистии хабарнигори «Ҷумҳурият» нишон додааст, ки сабаби муфлисшавии ширкати мазкур, ки ҳатто бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ба шабакаи хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии кишвар ворид шуд, сиёстаи иштибоҳи собиқ раҳбарони ноҳияи Восеъ будааст. 

  Дар ҳоле ки  ба навиштаи муаллиф  дар авҷи фаъолият дар ширкати “Самар” наздики 100 нафар кор мекарданд ва  ширкат солона беш аз 1,5 млн сомонӣ андоз месупорид.

“Садои мардум”

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 3 март аз ширкат ва суханронии  президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки аз тариқи видеоконференсия баргузор гардид, гузориш нашр кардааст. 

 Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи феълии пиряхҳои Тоҷикистон ибрози андеша карда, гуфт, ки  тибқи пажӯҳишҳо фақат дар 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

Бо назардошти ин вазъият президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳост.

“Тоҷикистон”

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 3 март мусоҳиба бо муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Самариддин Ализодаро чоп кардааст. Ализода дар ин суҳбат таъкид кардааст, ки тибқи назарсанҷиҳои анҷомшуда 81 дарсади мардуми Тоҷикистон розӣ ҳастанд, ки ваксинаи зидди коронавирус бигиранд.

Ба иттилои муовини вазир, дар навбати аввал ворид кардани ваксинаи аз 192 ҳазор ваксинаи «АстраЗеника», ки самаранокии он 63.1%-ро ташкил медиҳад дар назар  аст ва мувофиқи нақша, моҳҳои март-апрел ин ваксина ворид карда мешавад.

   Вай дар ин замина афзудааст, ки дар навбати аввал 20 фоизи аҳолӣ аз миёни қишҳои осебпазири ҷомеа ин ваксинаро мегиранд.  Эмкунӣ  ихтиёрӣ ва ройгон буда,  ва дар тамоми марказҳои саломатӣ аллакай яхдонҳо барои нигоҳдории ваксина ва утоқҳои  махсус барои эмкунӣ ташкил шудаанд.

   Муовини вазири тандурустӣ таъкид кардааст, ки ҳамагӣ 64%-и аҳолӣ эм карда мешаванд ва  ваксинае, ки ба Тоҷикистон меояд, барои нафарони аз 18-сола болост. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар рӯйхат ҳастанд, бе мушкилӣ метавонанд ваксина гиранд.

“Asia-Plus”

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 4 март дар мақолае масъалаи имокни истифода аз криптоасъор дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст.  Нашрия ёдовар шудааст, ки соли 2020 дар кишвар 52 ҳолати истихроҷ ё худ майнинги криптоасъор ошкор шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ дар ин замина боз шудааст.

Аммо ба навиштаи муаллиф боздоштшудагон танҳо бо ҷурми истифодаи ғайриқонунии неруи барқ муҷозот шуданд, зеро дар Тоҷикистон заминаи қонунии танзимкунандаи истифода аз криптоасъор вуҷуд надорад. 

Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо Ӯзбекистон ва Қирғизистон масъалаи истифода аз криптоасъор то андозае қонунан танзим шудааст. Ба хулосаи муаллиф бо назардошти он кӣ барои майнинги криптоасъор неруи зиёди барқ масраф мешавад, Тоҷикистон бо доштани захираҳои бузурги барқи арзон метавонад ба яке аз пешсафони истихроҷи криптоасъор табдил шавад.

“Фараж”

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 3 март мақолае бо номи “Амалиёти махфии “Имло”” нашр карда, навиштааст, ки дар ҳоле ки тағироти солҳои охир дар имлои забони тоҷикӣ барои оммаи васеъ то ҳанӯз норушан боқӣ мондааст, зоҳиран мо боз як фарҷоми як амалиёти пинҳониро мушоҳида мекунем. Нашрия ёдовар шудааст, ки айни замон тарҳи нави имлои забони тоҷикӣ дар баррасии ҲТ қарор дорад, ки 108 тағйирро дар бар мегирад.

Дар ҳамин ҳол профессор Абдунабӣ Сатторзода гуфтааст, ки агар тағйири имлои забони тоҷикӣ ба шакли пешниҳодшуда тасвиб шавад, ба рушди забони давлатӣ мусоидат нахоҳад кард.

Аз сӯи дигар Абдуқодир  Рустам донишманд ва адиби шинохтаи тоҷик гуфтааст,  то забоне кӣ тоҷикон аз хатти сирилик истифода мекунанд, мушкилоти имлои забони тоҷикӣ ҳал намешавад. Аз ҷониби дигар забоншинос Умед Ҷайҳонӣ муътақид аст, ки ин масъаларо танҳо давлат бо ниҳодҳои илмиву пажуҳияш метавонад ҳал кунад.

Аҳмадов. З,

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *