Обу ҳаво

22 феврал ҳаво дар шаҳри Бохтар абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Хоруғ дар баъзе ҳолатҳо боришот ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад. Дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот (борон, барф), дар ноҳияҳои алоҳида бошииддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2°, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19° хунук, дар баъзе минтақаҳо то 20-25° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 33-35° хунук), рӯзона 4-9° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 12-14° хунук) мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Ба иттилои Агентӣ дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5° гарм, рӯзона 5+10° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5° гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 21-24 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳии вилояти Хатлон ва НТҶ фаромадани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3032 сомонӣ;

1 евро – 13.7198 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1518 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Тақвими рӯз

22 феврали соли 1886 рӯзномаи «Таймс» аввалин маротиба сархати ахбори ашрофонаро нашр намуд;

Дар ин рӯзи соли 1958 созишнома дар бораи ҷойгир кардани яроқи ракетавии Америка дар ҳудуди Англия ба имзо расид;

22 фаврали соли 2000 дар Украина ҳукми қатл бекор карда шуд;

Ҳамин рӯзи соли 2007 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд Созишнома дар бораи лоиҳаи минтақавии энергетикӣ оид ба сохтмони Хатти интиқоли барқи 220-киловатта аз НБО «Вахш» то Афғонистон (Шерхон-Бандар) ба имзо расид;

22 феврали соли 2018 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид;

2 сол қабл, дар ҳамин рӯз бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуд;

Дар ин рӯзи соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ карда, қайд намуданд, ки вазъияте, ки имрӯз дар минтақа, алалхусус, дар қаламрави кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон, яъне бевосита дар наздикии сарҳади давлатии мо ба вуҷуд омадааст, боиси ташвиш ва нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Вазъияти дар ин кишвар баамаломада, ки беш аз чил сол идома дорад, на танҳо натиҷаи фаъолияти созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ташкилоти ба ном «давлати исломӣ», балки нишонаи возеҳи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ мебошад.

Чунин вазъият, инчунин, мавқеи ниҳоят ҳассоси ҷуғрофии Тоҷикистон моро водор ва вазифадор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти давлат, сулҳу оромии ҷомеа ва суботи сиёсии кишвари худ тамоми чораҳои заруриро андешем ва ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар созем.

Мо минбаъд низ барои мустаҳкам кардани пояҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ, тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тамоми имкониятҳо истифода мекунем;

Имрӯз Рӯзи байналмилалии дастгирии ҷабрдидагони ҷиноят, дар Қирғизистон Рӯзи заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ва дар Сент-Люсия- Рӯзи истиқлол таҷлил карда мешавад.

Зодрӯз

Марат Мамадшоев (1967)- журналист.

Ҳомид Аҳмадов (1932-2012)- доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Шариф Бақоев (1906-1941)- коргардони театр.

Марям Бозорбоева (1917-1997)- арбобзани давлатӣ, нависанда.

Дилдорбек Боронов (1936)- актёри театр.

Исмоил Назриев (1951)- сароянда.

Неъмат Аюб (1955-1994)- нависанда.

Адолат Раҳмонова (1947)- арбобзани ҳизбию давлатӣ.

Ҷумъабой Сангинов (1952)- доктори илми тиб, профессор.

Марк Серейский (1885-1957)- доктори илми тиб, профессор.

Сергей Строганов (1903-1986)- доктори илми биологӣ, профессор.

Ҳабибулло Табаров (1938)- арбоби давлатӣ.

Фотима Шарифова (1935)- арбобзани давлатӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.