Дар соҳаи сайёҳӣ 40 млн доллар грант ҷалб шудааст

Кумитаи рушди  сайёҳии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ аз ҷумла инфрасохтори соҳа, ҳамкориҳо бо ниҳодҳои байналмиллалии молиявӣ тақвият дода шуда, маблағҳои грантӣ аз Бонки ҷаҳонӣ 30 млн долари ИМА ва аз Бонки Осиёии Рушд 10 млн доллари ИМА ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва «Рушди сайёҳӣ» ҷалб шудааст.

Дар ин бораи Тоҷиддин Ҷуразода, раиси ин Кумита  зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд Созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум бо 9 малакат аз қабили Аморати Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Ўзбекситон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия, Конфедератсияи Шветсария, Фаронса ва давлати Қувайт ба имзо расонида шуда, ҳамкориҳои дуҷониби бо кишварҳои зикр гардида идома дорад.

Дар соли 2020 шумораи умумии ширкатҳои сайёҳӣ ба 224 адад расид,ки нисбати соли 2019 22 адад зиёд мебошад.Шумораи  меҳмонхонаҳо дар ҷумҳурӣ дар соли 2020 ба 188 адад расид,ки нисбати соли 2019 6 адад зиёд мебошад. Шумораи субъектони хизматрасонии сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2020 ба 289 адад расид,ки нисбати соли 2019  10 адад зиёд мебошад.

Дар соли 2020 ба 28 ширкати сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд. Аз шумораи мазкур 14 адад дар шаҳри Душанбе, 7 вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 4 вилояти Суғд, 2 вилояти Хатлон ва 1 адад дар ноҳияи Сангвор ба қайд гирифта шудаанд. Дар моҳҳои январ ва декабри соли 2020 шумораи шаҳрвандони хориҷие,ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 401,1 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 909,1 ҳазор нафар ё 69,0 фоиз кам шудааст. Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие,ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд 350,6 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ мебошад,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72,2% кам шудааст, гуфт дар нишасти матбуотии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Тоҷиддин Ҷуразода.

Зулайхо Расулова

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *