Ба иттилои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода имрӯзҳо ҳеҷ хатари ҷиддие кули Сарезро таҳдид намекунад.
Ӯ дар нишасти матбуотӣ, ҳамчунин гуфт, ки бо назардошти ниёз ба такмил пайдо кардани системаи мониторинг ва огоҳии барвақтӣ ва зарурати такмил, беҳтар намудан ва васеъ кардани системаи огоҳии зудҳангом ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд сармоягузорӣ мешавад, моҳи сентябри соли 2020 интихоби ширкаткунандагон ба анҷом расид ва 13 ноябри соли 2020 муоҳада барои расонидан ва насби системаи нав ва ба истифода додани он дар кӯли Сарез имзо шуд. Қарор аст моҳи августи соли 2021 системаи нав ба истифода дода шавад.
Ба иттилои манбаъ, система аз ҷониби ширкати итолёвии «САЕ», ки яке аз пешгомони ҷаҳонӣ дар гузоштани системаи огоҳсозии бармаҳал мебошад, амалӣ карда мешавад. Ин система аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки бо вилояти Сурхандарёии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад, мегузарад.
Дар айни замон системаи огоҳии бармаҳал (сирена, алоқаи радиоӣ) то ноҳияи Рӯшон гузошта шудааст.