Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими сиёсии мамлакат маҳсуб ёфта, аз ҷониби коршиносон ҳамчун омили мусоидаткунандаи рушди ҷомеа эътироф шудааст. Гуфта мешавад, ки татбиқи саривақтии нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз аз ҷониби масъулин замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва рӯзгори мардум беш аз пеш беҳбудӣ ёбад.
Пӯшида нест, ки омили асосии расидан ба таъмини амнияти озуқавории кишвар пеш аз ҳама ба фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи кишоварзӣ рабт дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тули 30 соли соҳибистиқлолии кишвар ба соҳаи кишоварзӣ афзалият медиҳад ва ин матлаб дар Паёми имсола низ мушоҳида гардид. Аз ҷумла, дар Паём гуфта шуд, ки «дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудккунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар амалӣ гардида истодааст».
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромов мегӯяд, ки “андешидани тадбирҳои зарурӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус қабули барномаҳои соҳавӣ дар соҳаи чорводорӣ имкон дод, соҳа бесобиқа рушд кунад. Ин аст, ки воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст. Ҳамзамон ҳаҷми воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст».
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ соли 2021 кишоварзони мамлакатро аз пардохти андози ягонаи замин озод карданд, ки ин дар баробари дигар имтиёзу дастгириҳои давлатии соҳа ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ мусоидат мекунад-афзуд дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромов.
Пешвои муаззами миллат зимни таҳлили соҳаи кишоварзӣ вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезиро вазифадор намуданд, ки барои рушди соҳа, ташкили марказҳои логистикӣ ва тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат тадбирҳои ҷиддӣ андешида, тарзи дурусти коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монанд.
Ин тадбир воқеан ҳам дар баробари он ҳама имтиёзу дастгириҳои ҳукуматӣ дар масири рушду пешрафти бемайлони соҳаи кишоварзии мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Муродулло Раҳимов,
Радиои «Тоҷикистон»