Раҳабрияти Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои ҳавасманд намудани олимони ҷавон ба 7 нафар номзади илм хонаи дуҳуҷрагӣ ва сеҳуҷрагӣ тақдим кардааст. Дар ин бора Шукрулло Хайрзода, ректори ин Донишгоҳ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод
Дар соли ҷорӣ 20 нафар устодони Донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро дар шӯроҳҳои дисертатсионии дохил ва хориҷӣ кишвар бомуваффақият ҳимоя намуданд, ки натанҳо ҳиссаи устодони дараҷаи илмидоштаро баланд намуд, балки синну соли миёнаи устодони дорои дараҷаи илмии донишгоҳ низ ҷавон гардид.
Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои байнидонишгоҳи 10 нафар устодони Донишгоҳ дар муассисаҳои олии хориҷӣ кишвар дар курсҳои бозомўзи, семинарҳо , конфроняҳои илмӣ ва симпозимҳо иштирок намуданд. Айни ҳол дар Донишгоҳ 916 шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Россия мебошанд.
Соли таҳсили 2020 донишгоҳро 84 нафар донишҷў бо баҳои аъло хатм намуда, бо гирифтани дипломи аъло сазовор гардиданд, ки нисбати соли гузашта як баробар зиёд мебошад.
Зулайхо Расулова
радиои «Тоҷикистон»