Телевизиони “Илм ва табиат” дар арафаи Наврӯз ба кор медарояд

Бо Қарори ҲҶТ аз 30.07.2020, №429 «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» тасдиқ гардид. Дар баробари ин, Қарори ҲҶТ «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ба тасвиб расида, лоиҳаи Қарори ҲҶТ «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, оиннома ва сохтори он барои баррасӣ ба ҲҶТ пешниҳод шудааст. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд

Суҳроб Ализода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” замина фароҳам оварда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки аллакай дастгоҳҳои сабту танзим, компютерҳо, мизу курсиҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ харидорӣ шуда, дар биное, ки дар он бояд телевизион ҷойгир карда шавад, таъмир идома дорад.

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки бо шарикони хориҷӣ қарордодҳо баста шуда, аллакай як қисми маблағҳо ба суратҳисоб ворид шудаанд ва қарор аст, ки Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз дар рӯзҳои 18 то 21 март ифтитоҳ мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *